Барқияи таъзияи Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти ИМА Барак Обама
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи таъзия ирсол дошт, ки дар он омадааст:Муҳтарам ҷаноби Президент,Бо андӯҳи бузург хабари дар мактаби Сендихуки иёлоти Коннектикут аз дасти як ҷинояткори нохалаф ба ҳалокат расидани бисту ҳафт нафар мактаббачагонро дарёфт намудам.Ин хабари мудҳиш бори дигар собит сохт, ки тамоми аҳли башар бояд дастиҳам гирифта, бо ҳар гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи инсон, ки зимни он ҳуқуқ ба ҳаёт аз муҳимтарин рукнҳои он аст, муборизаи беамон барад.Бо изҳори тасаллият ва таъзияи амиқ хоҳишмандам самимонатарин эҳсоси ҳамдардӣ ва ҳамраъйии мардуми Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва инҷонибро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






