Баррасии фаъолияти намояндагии UNFPA дар Тоҷикистон
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомад оид ба фаъолияти солонаи Хазинаи СММ дар соҳаи нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ, намояндаи Хазинаи СММ дар соҳаи нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва намояндагони дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир гардид. Баъд аз суханони ифтитоҳии Ш.Раҳимзода, Х.Юсуфӣ ва А.Зуев ҳисобот дар бораи шумораи аҳолии ҷаҳон дар соли 2012 муаррифӣ гардида, сипас ширкаткунандагони чорабинӣ дар мавзуъҳои «Сиҳатии репродуктивӣ- муваффақият, мушкилот ва дурнамо», «Афзоиши аҳолӣ ва рушд», «Баробарии гендерӣ», «Пешбурди барномаҳои ҷавонӣ» сухан гуфтанд. Дар интиҳои ҷамъомади мазкур миёни иштирокчиён дар атрофи мавзуъҳои мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






