Баррасии саломатии репродуктивӣ, ҷинсӣ ва ҳуқуқии занони мубталои ВНМО

Декабрь 5, 2012 09:30

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Рӯзҳои 5-ум 6-уми декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Анҷумани минтақавии «Саломатии репродуктивӣ, ҷинсӣ ва ҳуқуқии занони мубталои Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ҳадафи баргузории Анҷуман ҷалби сиёсатшиносони касбие мебошад, ки қобилияти қабул намудани қарорҳоро дар боби ҳалли мушкилоти занони мубталои ВНМО доранд ва оид ба масъалахои гендерии марбут ба ВНМО тавсияҳои умумӣ таҳия менамоянд, ки ин коркардҳо дар мустаҳкам намудани чораҳои ҷавобӣ алайҳи паҳншавии ВНМО мусоидат менамоянд. Анҷумани мазкур аз ҷониби Кумитаи Миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои ВНМО, БПНМ, сил ва табларза дар ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО баргузор мегардад. Дар он намояндагони ташкилотҳои занони мубталои ВНМО аз Тоҷикистон, қазоқистон, қирғизистон, Русия, Украина ва Ўзбекистон ширкат мекунанд. Фаъолияти анҷуман барои дастгирии ҳуқуқии бонувон дар соҳаи саломатии репродуктивию ҷинсӣ, кафолати дастрасии баробар доштани занону духтарон ба тадбирҳои эҳтиётӣ, табобату нигоҳубини марбут ба масъалаҳои ВНМО БПНМ, инчунин дастгирии гуруҳҳои бештар ба хавфи сироят дучоршаванда равона мешавад. Анҷуман барои паст кардани ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқ ва зўроварӣ нисбат ба занон, доғдоркунӣ дар масъалаи ВНМО, БПНМ ва ворид намудани масъалаҳои гендерӣ дар барномаҳои миллии мубориза бо ВНМО дар кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.

Декабрь 5, 2012 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад