Боздид аз МБШХ
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз Маркази боздошти шаҳрвандони хориҷии (МБШХ) Вазорати корҳои дохилии Русия боздид намуданд.Назар ба хабари дафтари Хадамоти муҳоҷират, дар ҷараёни мулоқот бо муовини сардори маркази зикршуда Алексей Смирнов масоили ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Маълум шуд, ки алҳол дар маркази мазкур 111 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Аксарияти онҳо аз рӯи моддаи 18.8 (аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бетабааият риоя нашудани қоидаҳои сафар ба Федератсияи Русия) айбдор карда шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






