Дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар доираи анҷумани ХI умумирусиягии «Профессия и здоровье» бо иштироки олимони Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии тибби меҳнатии Академияи илмҳои тиббии Русия, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ, Раёсати Хадамоти федералии Русия дар ш.Маскав, «Роспотребнадзор», Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон, Намояндагии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Маскав, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва коршиносони байналхалқии масоили иҷтимоию иқтисодӣ мизи мудаввар баргузор гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти намояндагии ХМ дар ФР хабар доданд, дар ҷараёни он масъалаҳо марбут ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар сатҳи байни идоравӣ ва байниминтақавӣ оид ба такмили механизми назорат ва мониторинги вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуданд.Таъкид гардид, ки дар айни замон сарфи назар аз заминаи фарохи меъёрию ҳуқуқӣ дар ФР як қатор мушкилот марбут ба дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ки ҳалли онҳо дар сатҳи байни мақомотӣ зарур аст, мавҷуд мебошад.Иштирокдорони мизи мудаввар масъалаҳои коркарду дарёфти усулҳои афзалиятноки таьсиси системаи назорат ва мониторинги вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва базаи ягонаи маълумот оид ба вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.Ба гуфти манбаъ, аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ тарҳи пилотии таъсиси механизмҳои шаҳодатномадиҳии тиббӣ оид ба вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ маъқул дониста шуд.Лоиҳаи пилотӣ баргузории назорати тиббӣ ва додани шаҳодатномаи вазъи саломатиро дар ҳудуди кишварҳои худ қабл аз муҳоҷират пешбинӣ мекунад, ки дар ин ҳолат маблағ ва вақти муҳоҷирон сарфа шуда, раванди бо кортаъминшавии онҳо саҳл мегардад. Ҳамчунин тибқи лоиҳа шаҳодатномаҳои тиббӣ дар ҳудуди давлати қабулкунанда бояд эътироф шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






