«Донишҷӯи сол-2012»
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар шароити кунунии кишвар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон аз масоили муҳими рӯз маҳсуб мешавад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ аз ҳамин иборат аст. Тибқи барномаи кории Кумита даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол-2012» миёни донишҷӯёни макотиби олии кишвар 12 декабри соли равон дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон доир гардид.Мақсад аз баргузории озмуни «Донишҷӯи сол» дарёфти донишҷӯи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷӯёни ҷумҳурӣ дар руҳияи илмдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.Даври аввали озмун дар макотиби олии ҷумҳурӣ доир шуда, ғолибон бо пешниҳоди роҳбарияти макотиби олӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Дар озмун аз шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Душанбе 45 нафар донишҷӯёни беҳтарин ширкат намуданд. Натиҷаҳои озмун чунинанд:Наврӯза Алиқулова -донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон-ҷои аввал; А. Маҳмудов — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Б. Ғаффуров; Азими Нуриддиншо- донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ -ҷои дуввум; Абдулқайси С. донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб; М. Сафарзода- донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа; ба номи Н. Хисрав; М. Муродов — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон- ҷои севвум. Ғолибони озмун ва иштирокчиёни он бо туҳфаҳои хотиравии кумита қадрдонӣ шуданд.Озмун ҷиҳати дастгирию ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар дар бобати илмомӯзӣ, фарҳангдӯстиву хештаншиносӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинию маърифатнокӣ, таҳкими тарбияи маънавию ахлоқии онҳо судманд буд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






