Иқдоми «Созандагони Ватан»
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз бахшида ба рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси ҷиноҳи ҷавонони ин ҳизб аксияи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳар хонадон!» ҷараён дорад.
Тавре ки раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур пеш аз ҳама таҷлили рӯзи таъсиси ҳизб ва мустаҳкам намудани робитаи ҳизб бо шаҳрвандон мебошад. Дар назар аст, ки дар доираи аксия ба сокинони мамлакат тақвими кисагии соли 2013 бо рамзи ҲХДТ аз ҷониби ихтиёриёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ройгон тақдим мегардад. Макони баргузории аксия 28 нуқтаҳои сераҳолии пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе, чор минтааи вилояти Хатлон, се минтааи вилояти Суғд, се шаҳру ноҳияи ВМКБ ва панҷ минтақаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ буда, зиёда аз даҳ ҳазор шаҳрвандонро фаро мегирад.Хотиррасон бояд шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбарии онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма дорад ва дар айни ҳол зиёда аз 195 ҳазор аъзо дорад, ки наздик ба 40 фоизи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






