Имзои созишномаи «Шаҳри бехатар»
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-22 декабр дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳу кӯчаҳои шаҳр, қоидавайронкунӣ, садамаҳо, идораи самараноки ҷараёни нақлиётӣ ва чароғакҳо дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO. «Оид ба таҳвили таҷҳизот доир ба низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — Шаҳри бехатар ва хизматрасонии «Таҳти калид» ба имзо расид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки амалӣ намудани лоиҳаи мазкур метавонад дар коҳиши вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, пешгирии сарзадани садамаҳои нақлиётӣ, таъмин ва танзими бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ дар пойтахти мамлакат таъсири ҷиддӣ расонад.Ноиби Президенти ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO Эми Лин иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур дар ду марҳила – якум, то моҳи май ва дуввум, то моҳи ноябри соли 2013 мавриди истифода қарор дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






