Имзои созишномаи Тоҷикистон ва хазинаи ОПЕК

Декабрь 19, 2012 11:10

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Дар шаҳри Венаи Австрия созишномаи иловагӣ аз рӯи лоиҳаи «Беморхонаи бисёрсоҳаи шаҳри Данғара» ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА имзо гардид. Созишномаро Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов ва директори генералии Хазинаи мақомоти кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) Сулаймон ал – Ҳербиш имзо намуданд. Хазинаи ОПЕК мувофиқи ҳуҷҷати имзошуда барои ҷизоҳозонидани беморхонаи серсоҳаи шаҳри Данғараи вилояти Хатлон бо техникаю таҷҳизоти муосири тиббӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Хотирнишон месозем, ки ин лоиҳаро Хазинаи ОПЕК дар Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд. Қаблан барои татбиқи лоиҳа беш аз 5 миллион доллари Амрико ҷудо карда шуда буд. Маросими ифтитоҳи расмии беморхона ба нимаи аввали соли 2013 пешбинӣ шудааст.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 19, 2012 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад