Интихоби раиси нав дар АЖРВТ
Душанбе, 24 декабр (АМИТ «Ховар»).- Нарзулло Латифов, шореҳи маъруфи варзиш бори дигар раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон» (ТҶ АЖРВТ) интихоб шуд. Ба тарафдории ӯ вакилони конфронси ҳисоботию интихоботии ТҶ АЖРВТ, ки 22-юми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, якдилона раъй доданд. Нарзулло Латифов, ки поягузори Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад, то соли 2017-ум вазифаи раисии ин ташкилотро ба ӯҳда хоҳад дошт. Дар ин конфронс Муҳаммадшо Абдуллоев ва Абубакр Азизхоҷаев ноибони раис, Фарид Солеҳов дабири кулли ТҶ АЖРВТ интихоб шуданд. Вакилони конфронс инчунин аъзои кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотии ТҶ АЖРВТ-ро интихоб карданд.Бояд гуфт, ки ТҶ АЖРВТ аз моҳи марти соли 2011-ум ба узвияти AIPS (International Sports Press Association) — Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 154 кишвари ҷаҳон аъзои AIPS мебошанд. Н. Латифов муътақид бар он аст, ки ҳадафи аслии ТҶ АЖРВТ — рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин Ассотсиатсия ба баландшавии савия ва дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии кишвар мусоидат мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






