Иштироки Э. Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои генералии СУС оид ба дохилшавии Тоҷикистон ба он
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария гардид. Сарвари давлати Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Женева Муовини намояндаи доимии Шветсария дар назди шуъбаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева Амадео Перез ва дигар шахсони расмӣ самимона пешвоз гирифтанд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он иштирок ва суханронӣ менамояд.Қобили зикр аст, ки дар маросими шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо намояндагон аз тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат менамоянд.Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 157 кишвари ҷаҳон аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошанд ва бо шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи давлатҳои аъзои созмон ба 158 адад мерасад, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони мазкур муайянкунанда мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти зарурият ва моҳияти узвият дар ин созмон, соли 2001 ба Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мактуби дархостиро оид ба аъзо шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ирсол намуд ва Шӯрои Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар ҷаласаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми кишвари нозирро пешниҳод намуд ва Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъсис дода шуд. Аз соли 2001 то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир дар ҷаласаҳои Шӯрои генералии созмони мазкур иштироки фаъолона дошт.Рӯйдоди таърихӣ – маросими дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо 10 декабри соли равон дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женева баргузор мегардад.Дар назар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯро бо Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Паскал Лами мулоқоти хоса анҷом медиҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






