Корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар ноҳияи Ваҳдат

Декабрь 21, 2012 09:43

Душанбе, 21 декабр (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). -Аз 18 то 21 декабри соли ҷорӣ бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ ва ба касбомӯзию забономӯзӣ сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо раисони ҷамоат, директорони мактаб, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони соҳаи тиб, имомхатибон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолони ноҳия ва шахсони масъули ноҳияи Ваҳдат дидор ва мулоқоти ошкорои Гурӯҳи кории кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи Созмони байналмилаии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон баргузор мегардад.Тавре ки ба мухбири АМИТ аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ қарор аст масъалаҳои касбомӯзӣ, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, ихроҷ, одобу русум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сафари ноболигон ба ФР, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гарданд. Ҳамчунин оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо пеш аз сафар ба ФР, дурӣ ҷустан аз миёнаравон дар бозори меҳнати ФР, аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ва баъд аз он, ҳидоят ва роҳнамоии дурусти ҷавонони муҳоҷир дар руҳияи ватандӯстӣ ва хизмати софдилона, садоқат ба Ватан, инчунин перомуни ба муҳокимаи умумӣ гузоштани қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» ва зери таъсири манфӣ карор нагирифтани ҷавонон бо ақидаҳои радикалӣ ва пурзӯр намудани самтҳои ҳамкориҳо суҳбатҳо доир мегарданд. Лозим ба ёдоварист, ки мақсад аз ташкил ва дидору мулоқоти Гурӯҳи кории кормандони Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо СБМ бо бошандагони ин ноҳия, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономӯзии муҳоҷирон, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Декабрь 21, 2012 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд