Лоиҳаи қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ матраҳ шуд
Душанбе, 10 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» 10 декабр дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Хайринисо Юсуфӣ-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфт, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила аст. Инчунин лоиҳаи қонуни мазкур ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зўроварӣ дар оила, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба зўроварӣ дар оила мусоидаткунанда, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро ба танзим медарорад. Таъкид шуд, ки лоиҳаи ин қонун нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, дар ақди никоҳанд ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, татбиқ мегардад. Ҳамзамон лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






