Муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муқобили маводи мухаддир
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз бо ибтикори шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯлоб доир ба нашъаҷаллобиву нашъамандӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре, ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, иштирокчиён дар бораи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар, муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар вилоят ва минтақаи Кӯлоб, вазъи гирифторони бемориҳои сироятшаванда, ки аксари онҳо истеъмолкунандагони тазриқии маводи нашъаовар мебошанд, суханронӣ намуданд.
Инчунин зикр гардид, ки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон як ноҳияи марзӣ буда, масири интиқоли ғайриқонунии мухаддироти тавлиди Афғонистон аз он убур мекунад ва эҳтимолияти ҷалби шумораи бештари сокинони он ба нашъаҷаллобӣ ва ё интиқоли он зиёд аст. Тибқи омори расмӣ соли 2011 дар қиёс ба соли 2010 дар вилояти Хатлон маводи мухаддири мусодирашуда 49,2% афзудааст. Ҳамзамон бо ин дар қаламрави чор ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон – Ҳамадонӣ, Шӯрообод, Фархор ва Панҷ, ки аз тариқи онҳо хатсайри асосии қочоқи маводи мухаддир мегузарад, 73,7% аз миқдори умумии мухаддироти дар вилоят гирифташуда, мусодира гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






