Мулоқоти мутахассисон
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 27 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти сармутахассисони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои тиҷоратию иқтисодии музофотҳои Чормаҳал ва Бахтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбарии мудири раёсати равобити иқтисодии хориҷӣ Алӣ Шаҳриёрпур баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев аз фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон нақл карда, зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноат ҷонибдори шаклҳои мухталифи ҳамкорӣ бо Эрон ҷиҳати ташкили намоишгоҳҳо мебошад. Алӣ Шаҳриёрпур дар навбати худ аз фаъолияти минтақаи худ ва самтҳои имтиёзноки ҳамкорӣ нақл карда, ба бахшҳои кишоварзӣ, шикори моҳӣ, чорводорӣ, сохтмон, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра диққати махсус дод.Аз рӯи натиҷаи мулоқот санади ҳусни тафоҳум перомуни ҳамкории Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва раёсати минтақаҳҳои озоди иқтисодии музофотҳои Чормаҳал ва Бахтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






