Мусобиқаи байналмилалӣ ба поси хотири ҷаҳонпаҳлавон
Душанбе, 20 декабр (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам) — Рўзҳои 22-23-юми декабр дар толори Маҷмааи Хадамоти алоқаи шаҳри Душанбе барои пос доштани хотираи ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов мусобиқаи байналмилалии самбо баргузор мегардад. Бинобар иттилои Муродалӣ Тешаев -котиби матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ дар мусобиқаи мазкур, ки бори дуюм дар сатҳи байналмилалӣ барпо мешавад варзишгарони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ширкат меварзанд. Ҳамчунин ба чорабинӣ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват гардидаанд. Паҳлавонон дар нуҳ вазн байни ҳам рақобат менамоянд ва ғолибон бо унвони Устоди дараҷаи байналмилалӣ сарфароз хоҳанд гардид. Номи Саидмуъмин Раҳимов, Мураббии шоистаи ҶТ, Устоди шоистаи варзиш, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ дар солҳои 1973-75, Қаҳрамони спартакиадаи халқҳои СССР дар соли 1973 ва муҳимтар аз ҳама, Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1975 барои шогирдонаш ҷовидон хоҳад монд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






