Н.Кавазович – муддаии мураббии беҳтарини сол
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сармураббии клуби «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ва дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Никола Кавазович ба қатори 6 нафар муддаиён барои дарёфти унвони мураббии беҳтарини соли Сербия дохил шудааст. Сомонаи варзишии Сербия рӯйхати васеи муддаиён барои дарёфти унвони мураббии беҳтарини соли ин кишварро дарҷ намуд. Сармураббии клуби «Истиқлол» — и пойтахт Никола Кавазович ба рӯйхат аз ҷумлаи 6 нафар мутахассисони Сербия шомил шудааст. Натиҷаи овоздиҳӣ имрӯз, 24 декабр, дарҷ мешавад. Қобили зикр аст, ки сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба қатори довталабон барои дарёфти унвони мураббии соли Сербия чун ягона мутахассисе ворид шудааст, ки имсол бо дастаи «Истиқлол» ғолиби Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






