Пулҳои коғазӣ бо унсури нави ҳимоявӣ ба муомилот бароварда шуданд

Декабрь 27, 2012 11:25

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади пурзӯр намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 декабри соли равон пулҳои коғазии арзишашон 5 ва 10 сомониро, ки дорои унсури иловагии ҳимоявӣ — кинеграмма мебошанд, ба муомилот баровард. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, пулҳои коғазии номбурда дар қатори пулҳои коғазии арзишашон 5 ва 10 сомонии барориши соли 1999, ки дар айни замон дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Декабрь 27, 2012 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад