Роҳ ба сўи истиқлолияти энергетикӣ наздик аст

Декабрь 25, 2012 15:33

Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «То соли 2020 дар Тоҷикистон бунёди 120 нерўгоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа бояд то солҳои наздик эҳтиёҷоти кишвар бо нерўи барқи худӣ таъмин гардад. Матлаби мазкур имрўз зимни баргузории муҳокимаи ошкорои парлумонӣ зикр гардид.
Муҳокимаи парлумонӣ таҳти раёсати Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он иҷрои «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар самти татбиқи барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» матраҳ шуд.Амиршо Миралиев иброз дошт, ки дар Паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамасола зикр мегардад, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи самараноки нерўи барқ, кам кардани талафоти он ба шумор меравад. Зикр шуд, ки раҳоии кишвар аз буҳрони энергетикӣ ва расидани он ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бо ин мақсад «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ палатаи поёнии парлумони мамлакат низ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва қабул намудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», «Дар бораи ангишт» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҳамин қабил аст. Иштирокдорони муҳокимаи парлумонӣ, ки аз роҳбарону масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар иборат буданд, доир ба масъалаи мушарраф гаштани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ табодули назар карда, дар ин самт пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.

Декабрь 25, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад