Системаи нави бақайдгирии муҳоҷирон
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар бинои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии муҳоҷирон аз тариқи онлайн ҳангоми хориҷ ва воридшавии муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни гузаронидани санҷиши системаи мазкур роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) иштирок доштанд. Бояд қайд намуд, ки дар айни замон баҳисобгирии муҳоҷирон ҳангоми сафар ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа тибқи варақаҳои нав бо фармони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 апрели соли 2012 амалӣ мешавад. Раёсати маълумотдиҳӣ дар ҳамкорӣ бо СБМ дар бинои Хадамоти муҳоҷират муаррифии системаи коркарди автоматикунонии варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷиронро баргузор намуда, кормандонро бо тартиби пур кардани варақаи мазкур ва ворид намудани он ба системаи ягонаи махзани иттилоотӣ ошно намуд. Чунин намуди баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатӣ оморҳои ҳаррӯза, даҳрӯза ва ҳармоҳаро бо назардошти фоизҳо ва таҳлилҳои оморӣ: умумӣ, рафтуомад, синн, давлатҳо, самтҳо, иҷозатномадиҳӣ, литсензия, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ, рӯйхати кормандони назоратӣ, рӯйхати шаҳрвандони аз давлатҳои хориҷӣ ихроҷшудаи Тоҷикистон, рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳияҳо, насаби фавтидагон ба махзани раёсат, ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҶТ ва ғайраро фаро мегирад. Бояд гуфт, ки бо дастгирии СБМ 4 компютер ва 3 сканер барои нусхабардории варақаҳои баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон — системаи автоматикунонии бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дастрас гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






