Таҷлили 3000- солагии Ҳисор бо дастовезҳои арзанда
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ, Афшини Муқим). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҳисор пас аз оғози расмӣ бахшидан ба фаъолияти мактаби №59-и деҳаи Ғайратободи ҷамоати Сомонии ноҳияи мазкур ба сохтмон ва бунёди якчанд иншооти дорои таъйиноти гуногун, ки дар назар аст, то таҷлили 3000-умин солгарди Ҳисори бостонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд, санги асос гузошт. Сарвари давлат бо тарҳи варзишгоҳи марказии ноҳия шинос шуда, сохтмони онро идомаи сиёсати бунёдкоронаи ҳукумати мамлакат ва натиҷаи таваҷҷуҳи амиқи он ба соҳаи варзиш унвон карда, ҳамчун рамзи нома ба наслҳои оянда ба он санги асос гузошт. Тавре ки иттилоъ дода шуд, варзишгоҳи мазкур бо фарогирии 20 ҳазор ҷойи нишаст, инчунин бо назардошти шароити хуби фаъолият дар чаҳор фасли сол бунёд хоҳад шуд. Сарвари давлат ба сохтмончиён ва дастандаркорони ин лоиҳа дастур дод, то корҳои сохтмонии варзишгоҳро бо сифати баланд ба сомон расонида, онро дар муддати на камтар аз се сол мавриди истифода қарор диҳанд. Ҳамчунин Президенти мамлакат ба корҳои сохмонии Гимназияи президентӣ барои 640 хонанда ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 хонанда оғози расмӣ бахшид. Зикр гардид, ки дар доираи бунёди ин мактаб сохтмони толори варзишӣ, ошхона, ду бинои хобгоҳ, бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои муаллимон ва дигар иншооти зарурӣ сохта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ба оғози корҳои сохтмонии боғи фарҳангу фароғат бо чойхонаи миллӣ, инчунин Кохи фарҳанг ва Китобхонаи ноҳияи Ҳисор низ санги асос гузошт. Президенти кишвар аз ҷараёни корҳои сохтмонии ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷикию хитоӣ» аз наздик шинос шуда, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Гуфта шуд, ки алъон дар ин иншоот 200 нафар мутахассиси маҳалливу чиноӣ фаъолият менамоянд ва дар назар аст, ки баъди ба истифода додани корхонаи мазкур барои 480 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардад. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то дар ҳар як иншооти бунёдшаванда беш аз 90 дарсад мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб шаванд. Худи ҳамин рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор бинои Академияи футболи «Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Академия бо назардошти тамоми шароити муосир бунёд гардида, дорои биноҳои таълимӣ, хобгоҳ, нуқтаи тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар муҳимоти маишиву таълимӣ хоҳад буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон аз соҳибкорони саховатпешаи ноҳияи Ҳисор даъват ба амал овард, ки барои ободию шукуфои диёри худ саҳми хешро гузоранд ва то ҷашни 3000- солагии Ҳисори зарнисор даҳҳо иншооти хурду бузурги истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд намуда, барои тавлиди ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва фаровонии бозор заминаҳои устувор гузоранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






