Таҷлили 70-солагии Сайрам Исоева
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ 70-солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева ботантана таҷлил гардид.Дар ибтидои чорабинии мазкур филме аз роҳи тайнамудаи ин бонуи ҳунар дар ҷодаи театр ва кино намоиш дода шуд. Сипас вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ Сайрам Исоеваро аз номи ҳайъати мушовараи кормандони театри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, аз хизматҳои ибратбахши ҳунарпеша дар рушди санъати тоҷик ёдовар шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки раиси вилоят Қоҳир Расулзода Сайрам Исоеваро бо ин санаи муборак табрик намуда, ба ӯ ҳуҷҷатҳои хонаи дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ва телевизори ранга тӯҳфа намуд.Дар поёни барнома саҳначаҳои театрӣ аз рӯзгори Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева манзури мухлисон гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






