Тадбири нави Бонки рушди АвруОсиё

Декабрь 24, 2012 12:14

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бонки рушди АвруОсиё ба манзури густариши барномаҳояш созишномаи нави қарздиҳиро имзо намуд. Тавре ки аз намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутобиқи ин созишнома барои қарздиҳӣ 40 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Маблағҳои зикршуда барои ниҳодҳои қарздиҳандаи бонки мазкур ҷиҳати дастгирии тиҷорати хурду миёна, сарфаи нерӯи барқ, ҳамчунин барои татбиқи лоиҳаҳои бахши кишоварзию саноат пешбинӣ шудаанд. Бонки рушди АвруОсиё созмони молиявии ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки онро Русия ва Қазоқистон моҳи январи соли 2006 бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди бозаргонии давлатҳои аъзои Иттиҳод, рушди устувори иқтисодии онҳо ва густариши равобити тиҷоратию иқтисодӣ таъсис дода буданд.Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои бонк мебошанд.

Декабрь 24, 2012 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад