Такмили малакаҳои фаъолияти аҳли тиҷорат
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 4 декабр дар шаҳри Душанбе семинари дурӯзаи кормандону намояндагони анҷуманҳои тоҷирони тоҷик ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хидматрасонии тиҷоратӣ барои ворид шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо» оғоз ёфт. Тавре ки аз Маркази байналмилалии савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинар дар ҳошияи лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо оид ба «Татбиқи нуктаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо» роҳандозӣ мешавад. Мақсади асосии семинар иборат аз беҳдошти дарки малакаҳои бахши инфиродии Тоҷикистон дар мавриди нафъу зарари ворид шудани кишвар ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, оқибати ин амал барои аҳли тиҷорат, ҳамчунин мақоми бахши тиҷорат дар рушди хидматрасонии тиҷоратӣ барои ҳифзи манфиатҳои тоҷирон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






