Татбиқи қонунҳо ва барномаҳои марбут ба муҳити зист
Душанбе, 27 декабр. ( АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Дар соли 2011 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ 6 кодексу қонуни нави соҳавӣ қабул гардид, ки чунин санадҳо ҷиҳати корбарӣ ва иҷрои вазифаҳо бамаврид саривақтӣ ва зарур буданд. Санадҳои мазкур ба монанди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Дар бораи маърифати экологӣ», «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «Дар бораи аудити экологӣ» ҳоло дар ҳаёт татбиқ шуда истодаанд. Илова бар ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” дар таҳрири нав қабул гардид ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикорӣ” аз тарафи Парламенти кишвар дар арафаи анҷомёбист. Имрўз дар кумита иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ, ба монанди «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Барномаи барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2016», «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи асалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон», “Барномаи барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди жолаи Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон барои солҳои 2007-2012», «Барномаи рушди ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон барои солҳои 2005-2015», «Барномаи давлатӣ оид ба парвариш, ҷамъоварӣ ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005-2014», «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» таъмин мешаванд. Кумита иҷрои барномаҳои экологиро зери назорати доимӣ қарор додааст ва дар ин бобат дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдору мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамкории судманд менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






