Тоҷикистон ба СУС ворид шуд
Маскав, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус, намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти барномавӣ ва мақомоти дигари ИДМ Қ.Қоимдодов дар ҷараёни ҷаласаи намояндагиҳои доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод ба иштирокдорони ҷаласа хабар дод, ки 12 декабр Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил гардид. Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия – Муншии иҷроияи ИДМ С. Лебедев, муовини аввали ӯ В. Гаркун , намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод ва васоити ахбори оммаи кишварҳои аъзои Иттиҳод иштирок доштанд. Сафир зимни суханрониаш аз раванди воридшавӣ мухтасар маълумот дода, зикр намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро воқеаи муҳими таърихи навини Тоҷикистон маънидод кард, ки он таҳкурсии мустаҳками рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодиро мегузорад.Сафир ҳамзамон зикр намуд, ки яке аз шартҳои узвият ба ин созмони иқтисодӣ мавҷудияти сарҳади умумӣ бо давлати узви иттиҳоди гумрукӣ мебошад.Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






