Туҳфа ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 19 декабр (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам) — 19 декабри соли 2012 шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 437 нусха китоби гуногунро ба маблағи умумии 37238 сомонӣ туҳфа кард. Дар миёни китобҳои туҳфашуда асарҳои адибони машҳури ҷаҳон, ба мисли Э. Хеменгуэй — «Алвидоъ силоҳ», «Колоннаи панҷум», «Мӯйсафед ва баҳр», Ҷек Лондон — «Мартин Иден», Л. Н. Толстой — «Ҷанг ва сулҳ», Теодор Драйзер — «Фоҷиаи амрикоӣ», Вилям Шекспир «Фоҷиаҳо», М. Горкий — «Модар», М. А. Шолохов — «Дони ором», С. Айнӣ — «Ғуломон» ҳастанд. Ҳамчунин ба Китобхонаи миллӣ китобҳо оид ба санъат, таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон эҳдо шуданд. Китобҳои мазкур аз хазинаи ашхоси алоҳида харидорӣ шуда ва дар ҳолати хуб қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






