Украина дар Душанбе Маркази савдо мекушояд
Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова ).-Моҳи марти соли 2013 дар Душанбе нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Украина баргузор гардида, ҳамчунин Маркази савдои Украина дар Душанбе дар маросими ботантана ифтитоҳ мешавад. Матлаби мазкурро Виктор Никитюк, сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон 14 декабр зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ироа кард. Шукурҷон Зуҳуров аз сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратии Душанбе ва Киев изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистону Украина тўли солҳои охир раванди рў ба рушдро касб намудааст. Гардиши мол миёни ҳар ду кишвар дар соли 2010 ба 200 миллион $ амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2009- ум 65% зиёд аст. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳанўз ҳам аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина ба шумор меравад, зеро 90% дастгоҳҳои техникии нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон дар Украина сохта шудаанд, таъкид кард Ш. Зуҳуров. Мусоҳибон ҳамзамон доир ба ҷалби сармоягузорони Украина ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар бахши таҷҳизоти гуногуни барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин доир ба риояи меъёрҳои Созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи тиҷорати озод табодули назар намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






