Вагонҳои нави мусофирбар

Декабрь 26, 2012 11:35

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 25 декабр 15 вагони нави мусофирбар дар вазъияти ботантана ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» супурда шуд. Вагонҳои нав дар заводи вагонсозии шаҳри Крюкови Украина сохта шудаанд. Дар маросими ботантана сардори корхонаи Воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло, раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Заводи вагонсозии Крюков» Евгений Хворост, вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов, Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк сухан карданд.Вагонҳои навтарини мусофирбар ҷавобгӯи ҳамаи талаботи имрӯзаи амнияти харакат, ҳифзи меҳнат ва бехатарии экологию мусофирон мебошанд. Дар хотима Амонулло Ҳукуматулло ва Евгений Хворост санади рамзии қабули вагонҳои мусофирбар ва созишномаи ҳусни тафоҳум ва ҳамкориро имзо намуданд.

Декабрь 26, 2012 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд