Вазъи КМ «Зарафшон» ва «Бешаи палангон»
Душанбе, 6 декабр.(АМИТ», Ховар», Марзия Саидова).-Вазъи экологии дараи Варзоб, натиҷагирӣ аз фаъолияти корхонаи муштараки «Зарафшон» дар мавриди истифодаи таҷҳизот ва технологияи муосири ҳифзи муҳити зист, амалӣ сохтани чорабиниҳои ҳифзи барқарорсозии флора ва фаунаи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аз масъалаҳои мубраме буданд, ки дар ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон муҳокима гардиданд. Иштирокдорони ҷаласа, ки аз намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иборат буданд, доир ба роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштироки фаъолонаи мардум дар мавриди ҳифзи муҳити зист табодули назар карданд.Зикр шуд, ки Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон самти фаъолияти худро ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити минтақа,беҳтар намудани вазъи экологӣ ва бартараф кардани мушкилоте, ки дар ин самт мавҷуданд, равона кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






