Қ. Қосимов васеъ кардани майдони гармхонаҳоро тавсия дод
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоту корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ дар соли 2012 ва фаъолияти истеҳсолии корхонаю муассисаҳо ва идораю раёсатҳои зертобеи вазорат зимни ҷаласае мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт.Қ.Қосимов, вазири кишоварзӣ дар раванди кори ҷаласа аз сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорони раёсатҳои Вазорати кишоварзӣ аз ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва васеъ намудани майдони гармхонахои мавсимӣ ва доимӣ пурсон шуда, баҳри иҷрои камбудиҳо ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2013 ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.Дар ҷаласа ҳамчунин оид ба рушди соҳаи паррандапарварӣ, махсусан таҳияи барномаи харгӯшпарварӣ, таъсиси боғҳои навъҳои ширину тезпази олуболуҳо, истеҳсоли сабзавот, аз ҷумла картошка, пиёз ва дигар маҳсулот ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






