Ҳаҷми нерӯи барқ дар соли 2012 зиёд шуд
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 ба миқдори 524 млн.кВт.соат зиёд шуд, зикр гардид дар нишасти матбуотии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик». Инчунин гуфта шуд, ки бо назардошти маҳдуд будани имконияти воридоти нерӯи барқ аз хориҷи ҷумҳурӣ, ширкати «Барқи Тоҷик» дар соли 2012 хариди нерӯи барқро асосан аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» ва «НБО-и Сангтӯда-2» амалӣ намудааст, ки ин барои то қадри имкон кам намудани норасоии барқ дар фасли зимистон мусоидат менамояд.Илова бар ин дар соли 2012 интиқоли нерӯи барқ ба ширкати «Помирэнерҷӣ» 15,4 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2011 дар ҳаҷми 3,5 млн.кВт.соат зиёд мебошад. Ин кор дар фаслҳои баҳору тобистон, ки барқи зиёдатӣ мавҷуд буд, амалӣ гаштааст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






