663,6 млн. сомонӣ –қарз ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон 15 январ зикр намуд, ки ҳарчанд ки дар соли 2012 аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда (6,2 миллиард сомонӣ) беш аз 50 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, вале ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Бинобар ин Сарвари давлат ба Бонки миллӣ ва БДА “Амонатбонк”, инчунин бонкҳои тиҷоратӣ супориш дод, ки ба масъалаи васеъ ба роҳ мондани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдасту куҳистони мамлакат аҳамияти зарурӣ диҳанд, зеро истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, ҳарчи бештар ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили коркарди пурраи ашёи хоми ватаниву партовҳои истеҳсолӣ ва дар ин асос ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои воридотивазкунандаву ба содирот нигаронидашуда, инчунин диверсификатсияи истеҳсолот аз ҷумлаи роҳҳои вусъатбахшии рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷабор Ширинов зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳибкорони истеҳсолӣ 1,5 фоиз афзудааст. — Яке аз самтҳое ки мо доим ҳаракат мекунем ба он диққат диҳем, ҳарчи бештар рӯ ба истеҳсолот ва корхонаҳои истеҳсолӣ овардан ва онҳоро маблағгузорӣ кардан ҳаст. Дар ҳолате ки мо факат ба бонкҳо такя кунем, мебинем, ки ҳаҷми маблағҳое, ки бонкҳо доранд, хеле кам ҳаст. Он маблағҳо барои пеш бурдани истеҳсолот хеле гарон ҳастанд. Қисми асосии маблағгузории бонкӣ тақрибан 5,7 млрд. сомонӣ ҳаҷми маблағгузориҳои қарзист ва худи миқдори амонатҳо 4,6 млрд сомониро ташкил мекунад. Вазифаи мо- ин шикастани ҳамин раванд аст, барои он ки ба истеҳсолот маблағ равад, аз ҳама асосӣ- ин маблағҳо бояд хеле арзон ва дарозмуддат бошанд. Аз рӯи иттилои А. Ширинов дар давраи ҳисоботӣ 6,8 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст,ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,6 фоиз зиёд аст. Бояд гуфт, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли пеш 33,7 фоиз зиёд шуда, 3,2 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, ба ноҳияи дурдасти куҳистон 663,6 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 28,2 фоиз зиёданд. Мо дар ин соҳа кор хоҳем кард, то ин ки ба мардум маблағҳои дарозмуддат пешниҳод намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






