Абдураҳим Холиқов: «Касеро барои намозгузорӣ ҷарима накардаем»

Январь 19, 2013 21:02

Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Чанде қабл ҳафтаномаи «Нигоҳ» маводеро зери унвони «Ҷарима барои намоз» нашр кард ва дар он омадааст, ки гӯё аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як тан сокини кишвар барои намозгузорӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов дар 21- соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон касе ҷиҳати намоз гузоштан ҷарима нашудааст. Ба қавли Холиқов макон ва тартиби намозгузорӣ аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. «Дар қисми 3-юми моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар баробари баргузор намудани ибодат, расму оин ва дигар маросимҳо дар иттиҳодияҳои динӣ, инчунин онро дар заминҳои мутааллиқи эшон, зиёратгоҳҳо ва хонаҳои шахсӣ барпо намоянд. Аммо мувофиқи моддаи 474-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷои тоату ибодат низ бояд моконе бошад, ки онро қонунгузорӣ муайян кардааст»- илова намуд номбурда.   Ба иттилои сардори Раёсати Иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин Солеҳҷон Завқиев он биное, ки шаҳрвандон дар он ибодат кардаанд, дар Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «масҷид» ба қайд гирифта нашудааст ва мувофиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 16-уми октябри соли 2006 таҳти рақами 526 он ҳамчун «ҷои ҷамъиятӣ» тасдиқ гардидааст. Ба гуфти номбурда «агар сокинони он маҳалла хоҳиши табдили ҷои ҷамъиятӣ ба масҷидро дошта бошанд, метавонанд ба Кумита муроҷиат намоянд» Бо вуҷуди ин, Эраҷ Амон – муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Нигоҳ» мегӯяд, он макон ҷои ибодати шаҳрвандон аст. Ба андешаи мавсуф далели «масҷид» будани он бино дар он аст, ки дар он меҳроб, китобҳои динӣ ва амсоли инҳо ҷой доранд. Бояд ёдовар шуд, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои вайрон намудани тартибот ҳанӯз аввалҳои моҳи ноябри соли 2012 аз ҷониби сарнозири минтақавии ШКД ноҳияи Сино оғоз гардида, барои баррасӣ ба суди ҳамин ноҳия ирсол шуда буд. Суди ноҳияи Сино баъди муҳокима бо назардошти тобеияти идоравӣ парвандаи мазкурро ҷиҳати чораҷӯӣ ба Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ супоридааст. Чун маводе, ки ҳафтаномаи дар боло зикршуда ба табъ расонидааст «Ҷарима барои намоз» унвон дорад, аз ин рӯ Абдураҳим Холиқов бо овардани далеле, ки «он макон на ҳамчун масҷид, балки ҳамчун ҷои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст», мегӯяд, аслан ба забон овардани ибораи «ҷарима барои намоз» худ хатои маҳз аст. Холиқов мегӯяд «дар ягон қонунгузории кишвар шахсро барои адои намоз ҷарима накарданд ва намекунанд» Ба иттилои Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов феълан дар кишвар 3938 иттиҳодия динӣ, аз ҷумла тақрибан 3850 масҷид амал мекунад.

Январь 19, 2013 21:02

Хабарҳои дигари ин бахш

6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло