Б. Шукуров: «2394,1 тонна сӯзишворӣ ғайристандартӣ дониста шуд»

Январь 11, 2013 15:31

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2012 озмоишгоҳҳои ташхиси маводи ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» дар натиҷаи ташхис 3,09 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 14,4 тонна равғани растанӣ, 1,7 тонна макарон, 64,1 тонна орд, 2211,2 дал нӯшокии спиртӣ, 3329,6 дал нӯшокии ғайриспиртӣ, 25,6 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 7,33 тонна маҳсулоти ширӣ, 19,7 тонна меваю сабзавот ва чандин номгӯи дигар маҳсулоти ватанию хориҷиро ғайристандартӣ донистанд, ки тибқи тартиби муайяншуда онҳо аз нав коркард ё нобуд шуданд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ 11 январ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Бахтиёр Шукуров ба хабарнигорон зикр намуд. Вай афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи хадамоти метрологии Агентӣ дар 3028 корхонаву муассисаи ҷумҳурӣ назорати метрологии давлатӣ гузаронида шуда, 249536 адад воситаи ченак санҷида шуд, ки аз он 7693 ададаш (3,1%) бо сабаби гузаштани муҳлати санҷиш ё таъмирталаб будан корношоям ҳисобида шуданд. Бахтиёр Шукуров ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода, аз ҷумла дар мавриди сифати маводи сӯхт гуфт: «Бо мақсади муайян намудани сифат ва ҳолати фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар давоми соли гузашта якчанд санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он 2394,1 тонна сӯзишворӣ ғайристандартӣ дониста шуд. Аз ҷумла, 1602,9 тонна сӯзишвории бензин аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва 367 тонна сӯзишвории дизелӣ, ки аз Ҷумҳурии Туркманистон ворид шуда буданд, бинобар мутобиқат накардан ба тамғаи дар борхат нишон додашуда ғайристандартӣ ҳисобида шуданд».

Январь 11, 2013 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!