Бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ афзуд
Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вобаста ба рушди иқтисодиёт бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ то 1 декабри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 фоиз афзуд. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ин маблағ 2 млрд. сомонӣ қарзҳо ба пули миллӣ ва бештар аз 3,1 млрд. сомонӣ ба асъори хориҷӣ рост меоянд. Дар маҷмуъ 69,8 фоиз (қариб 3, 6 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 30,2 фоиз (зиёдтар аз 1,5 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил намуданд. Аз рӯи иттилои манбаъ, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкӣ дар ёздаҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ ба 21,18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,71 фоизи солона баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,55 банди фоизӣ паст ва 2,72 банди фоизӣ зиёд шуданд. Қарзҳои хурди додашуда дар ин давра низ бо суръати бештар рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3 фоиз зиёд гардиданд. Аз ҷумла, маблағи 579 млн. сомонӣ ҳамчун қарзи хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 23 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






