Барқияи шодбошии А. Атамбаев ба Э. Раҳмон
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,Табрикоти самимонаи маро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред. Дар давоми 20 соли гузашта миёни кишварҳои мо муносиботи қавии ҳамҷаворӣ, ки сол то сол хусусияти пурмазмун ва динамикӣ касб мекунанд, ба роҳ монда шудааст. Мутмаинам, муносиботи Қирғизистону Тоҷикистонро, ки мавқеъҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои калидии минтақа муттаҳид месозад, минбаъд низ рушд ёфта, ба манфиати халқҳоямон ва давлатҳоямон устувортар хоҳанд гашт. Ба Шумо самимона тансиҳатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои калон, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоиро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «president.tj» дастрас намоед.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






