Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Соли сипаришуда аз тарафи идораҳои зертобеи Вазорат бо 18872 хоҷагӣ барои обрасонӣ дар майдони 538 ҳазору 350 гектар шартнома ба имзо расида , мувофиқи дархост истифодабарандагон бо об таъмин шуданд. Бо вуҷуди он ки истифодабарандагони об тибқи шартномаҳои имзогардида бо об таъмин гардидаанд, аз тарафи онҳо дар ин давра ҳамагӣ ба маблағи 41 , 3 млн. сомонӣ ё ин 61 фоизи арзиши оби додашуда пардохт шудааст, зикр намуд Раҳмат Бобокалонов, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар зимни нишаст бо хабарнигорони ВАО 22 январ. Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008- 2020», ки вазорат ҳамоҳангсозии онро ба уҳда дорад, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тибқи маълумоти пешакӣ баҳри таъмир, барқарорсозӣ ва таҷдиди низоми оби нӯшокии аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 89,98 млн.сомонӣ ё ки 41, 8 фоизи нақшаи солона ба анҷом расидааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






