Барои 1800 нафар- як масҷид
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Тоҷикистон дар байни дигар ҷумҳуриҳо дар самти бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ дар ҷойи аввал меистад. Агар дар замони Шӯравӣ ҳамагӣ 17 масҷид ба қайд гирифта шуда бошад, аз рӯи нишондиҳандаҳо дар даврони истиқлолият он 3938 ададро ташкил додааст. Алъон дар кишвар барои 1800 нафар як масҷид рост меояд»,- иброз дошт раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов.
Ба андешаи Абдураҳим Холиқов агар ҳамин нишондиҳандаро ба теъдоди аҳолӣ муқоиса кунем, дар ин ҳол Тоҷикистон на танҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар байни бисёре аз кишварҳои исломӣ давлатест, ки теъдоди зиёди иттиҳодияҳои динӣ дар он фаъолият доранд. Маврид ба зикр аст, ки танҳо дар соли 2012 104 адад масҷид ба қайд гирифта шуда ва дар айни ҳол 87 адади дигар мавриди омӯзиш қарор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






