Бунёди «Парваришгоҳ барои ҳайвоноти нодир» дар Данғара
Душанбе, 10 январ (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки асосан натиҷаҳои фаъолияти Кумитаро дар соли 2012 ва вазифаҳои онро дар соли 2013 баррасї намуд. Раиси кумита Талбак Салимов гуфт, ки дар соли 2012 аз ҷониби кормандони кумита ва зерсохторҳо 24 309 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 1666 адад (6,9%) зиёд мебошад. Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 38 254 пешни¬ҳод¬и иљрояш ҳатмӣ дода, аз он 72,3% иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 22,6% ва 14,4% зиёд мебошад. Фаъолияти 97 субъекти фаъолияти хоҷагидорї муваққатан қатъ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблї 106% зиёд мебошад. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумита ҷиҳати таъмини соҳаҳои ёрирасони хоҷагии ҷангал барои зимистонгузаронии чорво 3999 тонна хошоки дурушт тайёр намуд, ки нисбат ба соли 2011 1990 тонна (199,1%) зиёд мебошад. Барои зимистонгузаронии ҳайвоноти ваҳшии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 197 тонна хўрокӣ захира гардид, ки нисбат ба соли 2011 56,8 тонна зиёд мебошад. Дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара аз тарафи 31 хоҷагиҳои ҷангал дар майдони 818,5 гектар ҷангал бунёд гардида, сабзиши ниҳолҳо ба ҳисоби миёна 83,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар минтақаи Тутбулоқи ноҳияи Данғара дар майдони 1000 гектар бунёди “Парваришгоҳ барои ҳайвоноти нодир” оғоз гардида, то имрўз зиёда аз 653 ҳазор сомонӣ маблағ азхуд шудааст. Дар соли 2012 5 иншоот, аз ҷумла барои Боғи табию таърихии “Ширкент”, Боғи табиии Сари Хосор, хоҷагиҳои ҷангали минтақаи “Эсанбой”, Балҷувон ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҳисор иморатҳои маъмурӣ сохта шуданд. Тӯли ин муддат қонунњои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” ва “Дар бораи ҳавои атмосферӣ” дар таҳрири нав қабул гардиданд .








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






