Фаронса дар Душанбе манора месозад
Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазорати мудофиаи Фаронса маблағгузории сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчериро, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохта мешавад, ба уҳда гирифтааст. Ин матлаб зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Дидйе Леруа, Сафири мухтор ва фавқулоддаи Фаронса дар Тоҷикистон баён гардид. Зикр шуд, ки Фаронса, яке аз кишварҳои аврупоист, ки соли 1991 истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард ва то ба имрўз муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ хеле хуб густариш ёфта истодаанд. Шукурҷон Зуҳуров сафарҳои роҳбарони мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба Фаронса ва боздиди ҳайатҳои расмии Фаронса аз Тоҷикистонро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи мутақобилан судманди ҳар ду кишвар арзёбӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки дар бахши муносибатҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса 12 ҳуҷҷат имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро ташкил медиҳад. Мусоҳибон зикр карданд, ки Фаронса бо Тоҷикистон метавонад дар риштаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, истифодаи маъданҳои куҳӣ ва туризм ҳамкориҳои судманд дошта бошад. Ҳар ду кишвар бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ талош намоянд. Дипломати фаронсавӣ гуфт, Тоҷикистон метавонад дар заминаи ҷалби сармояи Фаронса ба соҳаҳои гидроэнергетика, электротехника, кишоварзӣ, туризм, коркарди захираҳои маъдании кишвар бо Ҷумҳурии Фаронса ҳамкорӣ дошта бошад.Мавсуф афзуд, ки ҳамчун сафир ва намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот ҷиҳати тақвияти равобити дуҷонибаи Париж ва Душанбе истифода хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






