Хадамоти муҳоҷират фаъолияти солонаи худро ҷамъбаст намуд
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013, ки 5 январ дар Душанбе баргузор гардид, муҳокима гардиданд . Дар ҷаласа Нуриддин Исматов, мудири бахши муҳоҷирати меҳнатии шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала ибрози ақида намуда, афзуд, ки омору арқом ва шумораи нодурусти баъзе ташкилотҳои ғайри давлатӣ, ки дар соҳаи муҳоҷират фаъолият доранд, ҳангоми пешниҳоди маълумот ба хатогиҳо роҳ медиҳанд.Ҳамчунин дар ҷаласа тақвияти ҳамкориҳо бо субъектҳои хоҷагидор, беҳтар намудани самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳо фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, ҷиҳати ба танзими раванди муҳоҷират, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, тавсеаи равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






