Иштироки Чину Фаронса дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкатҳои «CNPC»-и Ҷумҳурии Мардумии Чмн, «TOTAL»-и Фаронса ва ширкати байналмилалии «Teтиc – Петролеум Лимитед» баргузор гардид. Мақсади мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ буда, ҳангоми мулоқот иброз гардид, ки ширкатҳои мазкур имконияти иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии нафту газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба иқдом хоҳанд намуд. Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳо дар ин бахш мутақобилан судманд хоҳад буд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






