Иштироки корпоратсияи «Юэтай» дар истихроҷи маъдан дар ҶТ
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Роҳбарияти Саридораи геология бо сарвари корпоратсияи «Юэтай»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсюй Жун Сей гуфтушунид доир намуданд. Дар мулоқот доир ба тартиби додани иҷозатномаҳо барои истифодаи истихроҷи маъдан ва бурдани корҳои геологию кофтуковӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.Тсюй Жун Сей изҳор намуд, ки корпоратсияи онҳо ният дорад, ки ба соҳаи саноати истихроҷи маъдан ва соҳаи геологияи Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим аз натиҷаи гуфтушунид изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки додани иҷозатнома барои истифодаи истихроҷи маъдан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун гузаронида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






