Изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумораи муҳоҷирони ноболиғ

Январь 31, 2013 17:54

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 3 ҳазору 130 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар мувофиқа бо қарори суд дар соли 2012 аз Федератсияи Русия бароварда шуданд. Ғайр аз ин дар давраи ҳисоботӣ аз ин кишвар 102 муҳоҷири тоҷик ихроҷ гардид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев ба хабарнигорон хабар дод.Ба иттилои ӯ дар соли 2011 шумораи муҳоҷирони тоҷики баровардашуда 3 ҳазору 936 нафар ва шумораи ихроҷшудагон 74 нафарро ташкил дод. Сардори Хадамоти муҳоҷират хабар дод, ки соли гузашта 400 шаҳрванди хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳо ва истиқомати ғайриқонунӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз ҷумҳурӣ бароварда шуданд. «Аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар соли 2012 ба шаҳрвандони хориҷӣ 5 ҳазору 211 иҷозатнома барои кор дода шуд. Аз ҳисоби додани иҷозатномаҳо барои кор ба буҷаи давлат зиёда аз 6 миллион сомонӣ ворид гардид. Иҷозатнома барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ танҳо ба муддати як сол дода мешавад»,- гуфт С. Девонаев. Ҳамзамон сардори Хадамоти муҳоҷирати кишвар аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шумораи муҳоҷирони ноболиғ меафзояд. Ба қавли ӯ дар соли 2012 74 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳанӯз ба синни 18 нарасидаанд, ба муҳоҷират ҷалб гардидаанд. Дар айни замон шумораи тоҷикистониёни муҳоҷире, ки муваққатан дар Федератсияи Русия кор мекунанд, 744,3 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора зиёда аз 3 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони баландихтисос ташкил медиҳанд.

Январь 31, 2013 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд