КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” –андозсупорандаи беҳтарин
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд ва руҳбаланд кардани андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо соли чорум аст, ки озмуни «Андозсупорандаи беҳтарин»-и солро гузаронида, беҳтарин андозсупорандаи солро интихоб ва ба мардуми кишвар муаррифӣ менамояд. Бо ин мақсад дар Кумитаи андоз аз ҳайати роҳбарикунандаи он Комиссияи босалоҳият интихоб шудааст. Барои интихоби боадолатона ва воқеъбинонаи беҳтарин андозсупорандаи сол 9 меъёр муқаррар шуда, бо фармони дахлдор тасдиқ гардидааст. Дар маҷмуъ меъёрҳо аз чунин нишондиҳандаҳо иборатанд: ҳиссаи андозҳои пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳо ва сифати пур кардани онҳо, дуруст ҳисоб кардан ва сари вақт пардохтани андозҳо, нисбат ба соли пешин зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳо, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва ғайраҳо.Ба ҳамин тариқ, Комиссияи Кумитаи андоз пешниҳоди мақомоти ҳудудии андозро ҳаматарафа омӯхта, дар соли 2012 андозсупорандагони зеринро ба унвони андозсупорандаи беҳтарин дар соли 2012 сазовор донист:Корхонаи Воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз ноҳияи ШоҳмансурҶамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” аз ноҳияи ШоҳмансурҶамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон» аз ноҳияи Исмоили СомонӣҶамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди Корхонаи Муштараки “Зарафшон” аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Ҳамзамон аз рӯи натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар соли 2012 шуъбаи Нозироти андози андозсупорандагони калон дар шаҳри Душанбе, Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун беҳтарин нозироти андоз ҳисобида шуданд. Барои хизматҳои арзанда ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти андоз муовини аввали раиси Кумита А.М. Солиев ва муовини раиси Кумита П.С. Юсупов бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти андоз” сарфароз гардиданд. Инчунин тибқи фармоиши дахлдори раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи баъзе аз кормандони соҳа низ бо Ифтихорномаи Кумитаи андоз ва рутбаҳои махсуси навбатӣ ва ғайринавбатии “пеш аз муҳлат” қадрдонӣ шуданд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






