Меъёри барқ дар Тоҷикистон аз вазъи ҳаво вобаста аст,-мегӯяд А. Ёров
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Аз миён бардоштани меъёри истифодаи нерӯи барқ дар кишвар аз вазъияти боду ҳаво вобаста аст»,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров.Сарвари ширкати холдингии давлатӣ дар мавриди бардоштани меъёри истифодаи нерӯи барқ дар соли ҷорӣ ба хабарнигорон чунин гуфт: «Дар мавриди аз миён бардоштани меъёри истифодаи нерӯи барқ ягон кас ҷавоби аниқ дода наметавонад, на ягон мутахассис, на ягон муҳандис ва ҳатто ягон олим ҳам ҳисоб карда наметавонад, ки захираҳои мо то кадом муддат мерасанд ва кадом вақт метавон меъёрро аз миён бардошт. Имсол вазъият нисбат ба соли гузашта хеле беҳтар аст. Дар айни замон захираи оби обанбори Норак аз нишонаи гузошташуда 25 метр баландтар аст, яъне назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,84 метр болотар аст. Ин маънои онро дорад, ки мо то имрӯз назар ба соли гузашта бештар аз 150 млн. кВт.с қувваи барқ дорем. Тибқи мушоҳидаҳои чандинсола, сатҳи об дар дарёи Вахш 10 апрел то нуқтаи зарурӣ боло мебарояд ва танҳо пас аз ин аҳолии мамлакат пурра бо нерӯи барқ таъмин мегарданд». Ёдовар мешавем, ки меъёри истифодаи нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аз 7 октябри соли 2012 ҷорӣ гардида, он ба шаҳри Душанбе, инчунин шаҳрҳои калони саноатӣ ва марказҳои вилоятҳои кишвар дахл надорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






