Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Д. Леруа

Январь 10, 2013 10:36

Душанбе, 10 январ (АМИТ «Ховар»).- 9 январи соли 2013 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруа доир гашт. Дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса, аз ҷумла, навсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, робитаҳо дар соҳаи илму маориф, нақлиёт ва воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баррасӣ гардиданд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.

Январь 10, 2013 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад