Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ноиби Президенти КБМ
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (КБМ) Димитрис Ситсирагосро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.Аз афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2012, ки ба 7,5 фоиз расид ва таваррум, ки дар сатҳи 6.8 фоиз қарор гирифт, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Ба фаъолияти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо дар се соли охир аз ҷониби ин муассиса беш аз 42 миллион доллари америкоӣ маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва рушди низоми идорӣ ҷудо гардидааст.Ҳамзамон густариши минбаъдаи ҳамкорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ, рушди инфрасохтор ва мусоидат ба сохторҳои молиявию ҳуқуқӣ барои беҳсозии пайвастаи фазои сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.Таъкид шуд, ки аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тиҷорати кишоварзӣ як қатор лоиҳаҳо дар марҳилаи амалишавӣ қарор дошта самтҳои асосии раванди ҳамкориҳо ба таъмини амнияти озӯқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва азхудкунии захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон нигаронида шудаанд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






