Н. Салимов: Дар 50 нафар амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда гузаронида шуд
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба зиёда аз 50 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда гузаронида шуд, ки аз ин шумора 25 нафар дар соли 2012 ҷарроҳӣ гардиданд-зикр кард зимни нишасти мутбуотӣ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов 10 январ. «Моҳи сентябри соли 2012 бори аввал шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон баъд аз муроҷиат намудан ба муассисаҳои алоқаманди кишварҳои гуногун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда дар 3 нафар шаҳрванди мазкур дар Маркази миллии илмии пайванди узвҳо ва бофтаҳои инсон гузаронида шуд»,- гуфт Н. Салимов. Инчунин зикр шуд, ки дар маҷмуъ соли сипаригашта зиёда аз 3000 нафар шаҳрванди хориҷӣ бо ташхис ва табобат фаро гирифта шуд. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ тасмим гирифтааст, ки дар кишвар рушди тибби сайёҳиро ба роҳ монад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






